Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ нахустин ҷаласаашро баргузор кард

© Министерство образования и науки РТГанизода Гулчехра Сами, Заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан
Ганизода Гулчехра Сами, Заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Аз соли 2020 ҳукумат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро барои пешбурди сиёсати соҳаи ҳунармандӣ ваколатдори давлатӣ интихоб карда буд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Нахустини ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳунармандӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири меҳнат, Ширин Амонзода, аъзои ҳайати Шӯро, раисони Шӯро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат.
Дар ин нишаст гуфта шудааст, ки аз оғози соли 2020 бо муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ аз ҷониби ҳукумат, пешбурди сиёсати соҳа ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вогузор гардидааст.
Дар ин росто, аз ҷониби вазорат санадҳои зиёди меъёрӣ ва ҳуқуқӣ омода ва аз тарафи ҳукумат тасвиб шудаанд.
Баргузории озмуни “Ҳунарманди сол” дар Тоҷикистон
Ин санадҳо аллакай дар мақомоти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кор бурда шудаанд.
Ҳамин тавр, бо мақсади эҳё ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, соли гузашта 47 "Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир" дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо фарогирии 94 воҳиди корӣ таъсис дода шудаанд.
Аз 47 маркази таъсисдодашуда ба ВМКБ — 1, вилоятҳои Суғд — 15, Хатлон — 16, шаҳри Душанбе — 6 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 9 адад рост меоянд.
Дар ин муассисаҳо, аз рӯйи 50 касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир шунавандагонро ба курсҳои кутоҳмуддати 1, 2 ва 3-моҳа ба омӯзиш ҷалб менамоянд.
Мақомоти Хатлон: Боздиди гардишгарони хориҷиву дохилӣ аз вилоят зиёд шуд
Тибқи маълумоти оморӣ, феълан дар Тоҷикистон, 6752 нафар ҳунармандон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 адад ба ВМКБ, 1636 адад ба вилояти Хатлон, 3983 ба вилояти Суғд, 828 ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 адад ба шаҳри Душанбе рост меоянд.
Лентаи хабарҳо
0