Володин: Мушакҳое, ки ба Киев дода мешаванд, метавонанд ба соҳибонашон "баргарданд"

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Думаи давлатии Федератсияи Русия мегӯяд, ракетаҳое, ки ба Киев дода мешаванд, эҳтимол ба сӯйи соҳибони худ "баргарданд"
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, мушакҳое, ки Вошингтон ва Брюссел ба режими Киев интиқол медиҳанд, ба далели ғайрикасбии худ метавонанд ба соҳибони худ баргарданд.
"Қоидаи бумеранг. Мушакҳое, ки Вашингтон ва Брюссел ба режими Киев медиҳанд, метавонанд ба далели ғайрикасбӣ ба соҳибони худ баргарданд", — навиштааст Володин дар Telegram-канали худ.
Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида, ки мехоҳад ҷангро то охирин украинӣ идома диҳад, Аврупоро гаравгон месозад, ки "ин туҳфаҳо метавонанд ба онҳо баргарданд".
Қаблан раҳбари Вазорати дифои Украина Алексей Резников натавонист ба суол дар бораи самаранокии системаҳои мушакии NASAMS, ки ИМА ба Киев таъмин мекунад, посух диҳад ва гуфт, “ ӯ рокетшинос нест, балки ҳуқуқшинос аст”.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Вокуниши шадиди Лавров ба Ғарб дар мавриди интиқоли силоҳ ба Украина
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Киев Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0