Мусобиқаи "Zagreb Grand Prix 2022" барои паҷ паҳолавони тоҷик бе натиҷа поён ёфт

© Sputnik / Международная федерация дзюдоМеждународный турнир по дзюдо
Международный турнир по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Панҷумин варзишгари тоҷик мусобиқаи бонуфузи байналмилалиро бохт. Танҳо умеди тими кишвар барои медал ба Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов аст
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Наврӯзи Каримзод, паҳлавони кишвар дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии "Zagreb Grand Prix 2022" зери вазни то 73 кг шикаст хӯрд.
Каримзода ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудокори лаҳистонӣ Ксавери Морка шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобат бенасиб монд.
Ҳамин тариқ ду варзишкори дигари кишвар барои медал мубориза мебаранд.
Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг бо ҷудокори лаҳистонӣ Себастиан Маркинкиевич дар даври дуюм вориди рақобат мешавад.
Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар вазни то -90 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Алексейс Зарудневс аз Латвия қувваозмоӣ мекунад.
Дар рӯзи аввали ин мусобиқа чаҳор ҷудокори кишвар ҳунарманоӣ кард, аммо натиҷае надоштанд.
Муҳаммад Маҳмадизода, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм ҷудокори амрикоӣ Якоб Мореро шикаст дод, аммо дар даври 3-юм рақиби аз ҳарифи ҷопонияш мағлуб шуд.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Устопириён осеб дидаст ва ба "Zagreb Grand Prix 2022" намеравад
Муҳаммадсолеҳ Қувватов низ дар даври аввал озод буда ва дар даври дуюм Гиоргий Сардалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.
Шаҳбоз Саидабуроров бошад рақобатҳои дидание дошт. Ӯ дар даври дуюм ҷудочии бритониёӣ Майкл Фрайеро шикаст дод ва дар даври сеюм бо Ҷе-Ҳо Ан аз Кореяи Ҷанубӣ вориди набард шуд, аммо бинобар сабаби осеб бардоштан дар охири рақобот бо огоҳӣ аз мағлуб эълон шуд.
Алиҷон Сафаров бошад, дар даври аввал аз ҷудокори сербӣ Страҳинҷа Бунчич мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, мусобиқа дар шаҳри Загреби Хорватия рӯзҳои 15-17 июл доир шуда, дар он 541 (313 мард, 228 зан) варзишгар аз 71 давлат ширкат мекунанд.
Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700, дуюм — 490 ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Сабқат аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи "Zagreb Grand Prix 2022" баргузор мешавад.
Мусобиқа 3 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0