Таъйини интихобот дар ВМКБ: Кӣ ноиби нави Рустами Эмомалӣ мешавад?

© Пресс-служба Маджлиси миллиЗаседание Маджлиси милли, Верхней палаты парламента РТ
Заседание Маджлиси милли, Верхней палаты парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндаи наваш дар Маҷлиси миллии Тоҷикистонро интихоб мекунад, ки интизор меравад, ноиби аввали раиси палатаи болоӣ шавад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Комиссияи ҳавзавии интихоби узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ВМКБ ташкил карда шуд.
Ба иттилои КМИР, интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ноҳияҳои нобеи ҷумҳурӣ 26 август баргузор мешаванд. Манбаъ таъкид кард, ки аъзои нав ба ивази аъзои қаблан хориҷшуда интихоб мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ваколатҳои Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ, пеш аз муҳлат қатъ гардиданд.
Инчунин дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Интизор меравад, Алишер Мирзонабот, ки баъди 7 моҳи кор ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, ахиран бо фармони раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят таъин шуд, Файзовро дар Маҷлиси миллӣ низ иваз кунад.
Инчунин гуфта мешавад, Мирзонабот дар пайи интихобаш ба узвияти Маҷлиси миллӣ, ба эҳтимоли зиёд мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро хоҳад гирифт.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0