Ҷаҳонгир Маҷидов ба даври сеюми "Zagreb Grand Prix 2022" роҳ ёфт

© Sputnik / Международная федерация дзюдоМеждународный турнир по дзюдо
Международный турнир по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик, ки дар вазни то 90 кило Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, ҳарифи латвигии худро шикаст дод ва ба даври сеюм роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Натоиҷи Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари тоҷик дар даври дуюми мусобиқаи "Zagreb Grand Prix-2022" барои Тоҷикистон умедкунанда аст.
Паҳлавони тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм ҳарифи худ аз Латвия, Алексей Зарудневскро шикаст дод, хабар медиҳад "Варзиш".
Ҳамакнун паҳлавони тоҷик ба даври сеюм роҳ ёфт ва ҳарифи ӯ намояндаи Сербистон Немания Маҷдов аст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи "Zagreb Grand Prix-2022" дар Хорватия ҷараён дорад ва варзишгарони 71 кишвари дунёро гирд овардааст.
Дар ин мусобиқа аллакай панҷ варзишгари тоҷик шикаст хӯрда аз идомаи мубориза маҳрум монданд.
Мусобиқаи "Zagreb Grand Prix 2022" барои паҷ паҳолавони тоҷик бе натиҷа поён ёфт
Дар рӯзи аввали ин мусобиқа чаҳор ҷудокори кишвар қувваозмоӣ намуданд, аммо натиҷае надоштанд.
Муҳаммад Маҳмадизода, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм ҷудокори амрикоӣ Якоб Мореро шикаст дод, аммо дар даври 3-юм рақиби аз ҳарифи ҷопонияш мағлуб шуд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов низ дар даври аввал озод буда ва дар даври дуюм Гиоргий Сардалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Устопириён осеб дидаст ва ба "Zagreb Grand Prix 2022" намеравад
Шаҳбоз Саидабуроров бошад дар даври дуюм ҷудочии бритониёӣ Майкл Фрайеро шикаст дод ва дар даври сеюм бо Ҷе-Ҳо Ан аз Кореяи Ҷанубӣ вориди набард шуд, аммо бинобар сабаби осеб бардоштан дар охири рақобот бо огоҳӣ аз мағлуб эълон шуд.
Алиҷон Сафаров бошад, дар даври аввал аз ҷудокори сербӣ Страҳинҷа Бунчич мағлуб шуд.
Рӯзи 16 июл, Наврӯзи Каримзод низ аз намояндаи лаҳистонӣ шикаст хӯрд.
Ҳоло Ҷаҳонгир Маҷидов ва Шодмон Ризоев барои ба даст овардани медал мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0