Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳар ду бозӣ бо тими Арабистони Саудиро бохт

© Официальный сайт ФФТТими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Бозии якуми дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ва бозии дуюм бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи мизбон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бозии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Араӣисиони Саудӣ бемуваффақият анҷом ёфт. Футболбозони тоҷик ҳар ду бозии дӯстонаро бохтанд.
Бар хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими Турдиев бозии якумро бо ҳисоби 0:1 ба нафъи футболбозони араб бохт.
Ҳамчунин бозии дуюм низ бо ҳисоби калони 3:0 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Манбаъ меафзояд, бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад.
Футболист в составе Олимпийской сборной Таджикистана (U-23) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бидуни задани гол Ҷоми Осиёро тарк кард
Дар даври интихобӣ, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо яккачинҳои ҷавонони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0