Суқути ҳавопаймои борбари украинӣ бо лавозимоти ҷангӣ дар Юнон - видео

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет Ан-12 после взлета, архивное фото
Самолет Ан-12 после взлета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавопаймои ширкати украинӣ, ки аз Сербистон ба Урдун парвоз дошт, бинобар мушкилоти фаннӣ дар шимоли Юнон суқут кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳавопаймои боркаши Ан-12, ки ба як ширкати ҳавоии Украина тааллуқ дошт, дар шимоли Юнон суқут кард, хабар медиҳанд аксар расонаҳои хорифӣ.
Ба гузориши Associated Press, ҳавопаймо аз Сербистон ба Урдун парвоз мекард, вале дар ҳаво муҳаррики ҳавопаймо аз кор мемонад ва халабон аз фурудгоҳи Кавала иҷозати нишасти изтирорӣ дархост мекунад.
Пасон ҳавопаймо аз радар нопадид мешавад ва дар наздикии деҳаи Палеочор суқут карда, оташ мегирад.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳавопаймо ба майдони ҷуворимакка бархӯрда, садои таркишҳо шунида шудааст. Ба ҷои сӯхтор оташнишонон ва мошини ёрии таъҷилӣ шитофтанд.
"Маъмурияти авиатсионии шаҳрвандӣ тасдиқ мекунад, ки зоҳиран муҳаррик оташ гирифтааст, бинобар ин, халабон натавонист дар фурудгоҳи Кавала нишасти изтирорӣ анҷом диҳад", - хабар медиҳад телевизиони маҳаллӣ.
Эҳтимол дорад, ки ҳавопаймо ҳангоми суқут ноқилҳоро бурида бошад, зеро аз соати 23:00 маҳаллаи наздик ба ҷойи суқути ҳавопаймо аз нерӯи барқ маҳрум монд. Бар хабари телевизиони маҳаллӣ дар ҳавопаймо ҳашт аъзои экипаж ҳузур дошт ва феълан дар бораи онҳо ягон маълумот рӯи даст нест.
Ба навиштаи матбуоти Юнон ҳавопаймо ҳомили лавозимоти ҷангӣ буд. Феълан ба сокинони гирду атроф тавсия дода шудаст, ки аз манҳилҳои худ берун нараванд ва дару тирезаҳои манзили истиқоматиро сахт баста, ҳамчунин ниқоб пӯшанд, зеро аз макони суқути ҳавопаймо бӯи ғализ паҳн мешавад.
Лентаи хабарҳо
0