Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чӣ гуна табибони ҳарбии Русия ҷони сокинони Харковро наҷот медиҳанд - видео

Обуна шудан
Табибони ҳарбии Русия дар шаҳракҳои озодшуда беморхонаҳои сайёрро барои расонидани ёрии аввалия ба мардуми осоишта ташкил кардаанд
Вазорати мудофиаи Русия наворҳои кори мутахассисони хадамоти тиббии Ҳавзаи ҳарбии ғарбиро нашр кард, ки ба мардуми ниёзманди вилояти Харков дар минтақаи амалиёти вижа хидмат мерасонанд.
Дар ҳолатҳои зарурӣ, хизматчиёни ҳарбии бахши тибби Русия, беморони вазнини маҳаллиро барои амалиёти мураккаб ба ФР интиқол медиҳанд.
Беморхонаҳо бо таҷҳизоти муосир барои ташхиси гуногун муҷаҳҳаз мебошанд. Баъзан дар шароите, ки беморхонаю дармонгоҳҳо фаъолият намекунанд, хадамоти сайёри тиббӣ ягона роҳи наҷоти ҷони одамон боқӣ мемонад.
Медведев: Ҳадафҳои амалиёт дар Украина амалӣ хоҳанд шуд
Инчунин, дар қаламрави озодшудаи вилояти Харков мутахассисони тиббӣ аз хонаҳое боздид мекунанд, ки бошандагонашон ба далели вазъи саломатӣ имкони муроҷиат барои гирифтани кумаки тиббиро надоранд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0