Толибон: Ҷангҷӯёни ДИИШ*, ки ба Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, нобуд карда шуданд

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гуфта мешавад, ҷангҷӯёни ДИИШ* дар шаҳраки Канҷагеи ноҳияи Имом Соҳиб, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, нобуд карда шуданд. Чанд аъзои онҳо зинда дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Толибон аз маҳв кардани ҷангҷӯёни ДИИШ*, ки чанде қабл ба қаламрави Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, хабар дод.
Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфт, "шаби шанбе нерӯҳои вижаи Иморати исломӣ маркази ҷангҷӯёни ДИИШ* -ро кашф ва тахриб кард".

"Дар ҷараёни амалиёт се ҷангҷӯ кушта шуда, панҷ нафари дигар зинда боздошт шуданд", - навиштааст муҷоҳид дар сафҳаи твиттерии худ.

Дар идома ӯ хабар дод, мошину аслиҳае, ки бо он чанде пеш ба қаламрави Тоҷикистон ва баъдан ба Ӯзбекистон низ ҳамла сурат гирифт, мусодира шуд.
Сухангӯи толибон гуфт, амалиёти боздошти ҷангҷӯён дар ҳудуди шаҳраки Канҷагеи ноҳияи Имом Соҳиб, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, анҷом шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май аз марзи Афғонистон ба ҳисоб ҳафт мушак ба минтақаи Фархори Тоҷикистон андохта шуд, ки чор мушак дар дарёи Ому афтода, се адади дигар ба ҷангалҳои лаби дарё афтодааст.
Раёсати марзбонии кишвар он замон ба Sputnik Тоҷикистон ҳамлаи мушакиро тасдиқ кард ва гуфт, ки "ҳеҷ осебе ба марзбонон ва постгоҳ нарасидааст".
Пасон, авоили моҳи ҷорӣ аз марзи Афғонистон ба ҷониби Ӯзбекистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт. Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон хабар дод, ки аз сӯи Афғонистон панҷ мушак ба тарафи Ӯзбекистон партоб шуд.
"Дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, хумпораи панҷум дар майдони футбол афтидааст. Хумпораҳои кашфшуда аз тарафи минарубон безарар гардонида шудаанд", - зикр гардид дар хабари вазорат.
* -созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кившарҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0