Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард

© Фото : PixabayЗащитный костюм
Защитный костюм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Ӯзбекистон 54 нуқтаи санитарию карантинӣ мавҷуд аст, ки барои аз муоина гузарондани воридшавандаҳо тамоми шароитро доранд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи бемории вабо дар А назорати беҳдоштиро дар марз тақвият бахшидааст.
Дар ин бора котиботи Хадамоти санитарию эпидемиологии Ӯзбекистон хабар дод.
Бояд гуфт, ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ ба ин дард дар музофотҳои Ҳилманд ва Зобули Афғонистон сабт гардидаанд. Мақомоти беҳдошти Афғонистон мегӯяд, сироятёфтаҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд ва аллакай чанд мавриди фавт аз ин беморӣ низ ба қайд гирифта шудаст.
Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон 54 нуқтаи карантини санитарӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумор 36 адад дар роҳҳои автомобилгард, 11-то дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, 6 дар роҳи оҳан ва 1-тоаш дар бандари дарёӣ ҷойгир шудаанд.
Последствия землетрясения в провинции Пактика в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Авҷи бемории вабо дар Афғонистон: дар ду рӯз 120 бемор
Ҳама гузаргоҳҳо бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҳароратсанҷҳои бидуни тамос муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои муоинаи тиббию санитарии шахсони воридшаванда ба кишвар ташкил ёфтаанд.
Илова бар ин, тибқи фармонҳои дахлдори вазири тандурустӣ тамоми беморони гирифтори дарунравӣ дар беморхонаҳои сироятӣ ҳатман аз ташхиси бемории вабо гузаронида мешаванд. Б
Манбаъ меафзояд, дар мавсими беморӣ мутахассисони ин ниҳод ҳар ҳафта аз обанборҳои кушод намунаҳои об мегиранд, то ангезандаҳои ваборо муайян кунанд.
Лентаи хабарҳо
0