ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт

© Sputnik Пограничный пункт, архивное фото
Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки музокироти навбатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сари масъалаи аломатгузории марз анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои аз 11 то 16 июли соли равон дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Дар рафти вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Зикр гардид, ки музокироти баъдӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ояндаи наздик сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, моҳи апрел низ як вохӯрии чандрӯза сари масъалаи мазкур сурат гирифт ва дар анҷоми музокироти онвақта низ протокол тасвиб шуд.
Общественный транспорт в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
Лентаи хабарҳо
0