Дар Душанбе маҳалла ва кӯчаи беҳтаринро муайян мекунанд

© Sputnik / Руслан КривобокДушанбе. Архивное фото
Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрдории Душанбе ахиран дар бораи баргузории озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” дар пойтахти кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

“Бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” гузаронида мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Қайд карда шудааст, ки ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Таъкид карда шудааст, ки баргузории озмунҳои зикргардида барои таҷлили сазовори 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Бо амри президент дар Тоҷикистон озмуни "Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" баргузор мешавад
Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Тоҷикистон пешбинишуда барои мукофотонидани ғолибони озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020 дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуда буд.
Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0