Истиқлол, шаҳре, ки аз корона эмин монда буд, ба мушкили норасоии табибон дучор шудааст

Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулони идораи тандурустии шаҳри Истиқлол мегӯянд, мушкили норасоии табибон дар ин шаҳр ҷиддӣ буда, ба 80 мутахасис ва ҳамшираи тиб ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин шаҳр кадом мутахассисони соҳаи тиб намерасанд.
Бино ба арзёбии ӯ, муассисаҳои тандурустии ин шаҳр ҳоло аз норасоии 32 табиби касбӣ ва беш аз 40 ҳамшираи тиб танқисӣ мекашанд.
“Аз ҷумла 12 табибони оилавӣ, 4 табиби терапевт намерасанд. Ба ин монанд табибон дар шуъбаи қабул, асабшинос, равоншинос, нарколог, эпидемолог, лор, духтури чашм ва амрози пуст (дерматолог) намерасанд” – гуфт, сартабиб.
Тибқи нишондиҳандаҳои Идораи тандурустии вилояти Суғд ба 10 ҳазор аҳолӣ 17 табиби оилавӣ муқаррар шудааст. Вале ҳоло нишондиҳандаи таъминоти табибон дар ин шаҳр паст мебошад.
Дар шаҳри Истиқлол беш аз 18 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад ва ба ин миқдор аҳолӣ зарурат ба 12 табибӣ оилавӣ рост меояд. Аммо бино ба иттилоъи расмӣ ҳоло дар ин шаҳр танҳо 2 табиби оилавӣ кор мекунад.
Операция по лечению аритмии с использованием метода криоаблации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Табибони русиягӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ усулҳои нави ташхисро меомӯзонанд
Бино ба гуфти сартабиб ҳоло дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Истиқлол 22 табиб ва беш аз 80 ҳамшираҳои тиб фаъолият мекунанд. Ин омор қонеъкунанда нест ва ҳоло ин соҳа аз норасоии беш аз 30 табиби касбӣ ва беш аз 40 ҳамшираи тиб танқисӣ мекашад.
Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл замоне, ки дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон омори сироятёбӣ ба коронавирус ироа мегардид, Истиқлол ягона шаҳре дар шимоли Тоҷикистон буд, ки омори гирифторӣ ба ин маризӣ ба сифр баробар буд.
Ин ҳолат аз нигоҳи бисёриҳо шубҳабарангез менамуд, вале табибони Истиқлол “сирр” и эмин мондани шаҳр аз “вируси корона” ро тавзеҳ дода мегуфтанд, ки шаҳрро танҳо як шоҳроҳ бо маркзи Суғд, шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони хуруҷи беморӣ ба кишвар он таҳти назорати доимии кормандони беҳдоштӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор дода шудааст.
Рано Амирбекова - пизишки амрози дарунӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Бо иродаи қавӣ ба минтақаи сурх. Корнамоиҳои табиб ва ризокори ҷавони тоҷик дар Маскав
“Мо омаду рафти сокинонро таҳти назорати қатъӣ гирифтем. Рафтани сокинони аз 50 сола болоро, ба шаҳри Хуҷанд манъ намуда ба ин васила аз роҳёбии “вируси корона” пешгирӣ кардаем”, – таъкид мекард, сартабиби Истиқлол.
Баъдан бо вуҷуди ин ҳама талошҳо коронавирус ба ин шаҳри Тоҷикистон ҳам раҳм накард ва 6 ҳолати сироятёбӣ ба маризӣ ошкор карда шуд, ки омори аз ҳама кам дар кишвар арзёбӣ карда мешуд.
Масъулони соҳаи тандурусти Истиқлол мегуянд, ҳоло беш аз 30 сокинони ин шаҳр дар донишгоҳ ва донишкадаҳои тибии кишвар дар курсҳои 1 ва 5 таҳсил мекунанд ва умедворанд, ки бо омадани онҳо ба кор мушкили норасоии кадрӣ бартараф хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0