Дар ҳар ноҳия 20 корхонаи саноатӣ: Шералӣ Кабир "бизнес-план"-ҳоро пешниҳод мекунад

© PixabayБухгалтерский учет
Бухгалтерский учет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон дар самти саноатикунонии кишвар дастур додааст, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 20 корхонаи истеҳсолӣ фаъол карда шаванд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дастури ҳукумат ва бевосита президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили 20 корхонаи саноатӣ дар ҳамаи навоҳии ҷумҳурӣ на дар ҳамаи ноҳияҳо амалӣ шуда истодааст.
Ин нуктаро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди тобеяш тасмим гирифт, ки аз мақомоти маҳаллӣ на танҳо иҷрои қарори ҳукумат дар ин бораро талаб намояд, балки тарҳҳоро пешниҳод кунад.
"Мо вобаста ба қобилияти аҳолӣ, ашёи хом барои ҳар ноҳия барномаҳои махсус омада кардем, ки дар кадом минтақа чӣ қадар маҳсулот тавлид шавад", - гуфт вазир.
Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки масъулин дар маҳалҳо "бизнес-план"-ҳо ташкил карданд, ки кадом таҷҳизот аз куҷо бо кадом нарх метавонад ворид карда шавад.
Вай афзуд, ки барои татбиқи ин қарори ҳукумат чораандешиҳо идома доранд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.
 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Шералӣ Кабир сабаби нарафтани сармоягузорон ба ВМКБ-ро гуфт. Ҳукумат чӣ нақша дорад?
Манбаъ дар ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳа гуфт, шумораи корхонаҳои ғайрифаъол 673 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 583 корхона мавсимӣ буда, 77-тои дигар коргоҳҳое мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то аввали январи соли равон 90 ададро ташкил медод.
Лентаи хабарҳо
0