Таркиши шадид дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қазоқистон: видеои даҳшатовар

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ комилан сӯхтааст. Ин сӯхтор инчунин як мошини мусофирбар, таҷҳизоти боркуниро ба коми худ кашидааст
Дар шаҳри Алғаи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон як нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Лимангаз" таркид. Дар ин бора аз Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят хабар доданд.
Шоҳидони айнӣ навори ин ҳодисаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Дар навор дида мешавад, ки оташи сахт, тамоми нуқтаи фурӯши сӯзишвориро гирифтааст.
Бар асари таркиш як мошини сабукрав, мошинҳои борбардор ва ду мошини сӯзишворӣ хароб шудааст. Ҳамчунин, бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки масоҳати он 22 метри мураббаъро ташкил медиҳад, хароб шудааст.
Кормандони ШВКД, ки сари вақт ба ҷои ҳодиса расидаанд, ду мошини пурбор ва ду контейнери ҳаҷмашон 54 ва 10 метри мукаабро наҷот доданд.
Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса қурбониён ва осебдидагон нестанд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ систернае бо ҳаҷми 46 метри мукааб таркидааст. Дар ин вақт се корманд дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кор мекарданд, ки хушбахтона осеб надидаанд.
Мутахассисон таҳқиқи омилҳои ҳодисаро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0