Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати толибон ахиран эълон кард, ки мушкилоти мавҷуд миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шудааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати толибон ахиран зимни як суханрониаш дар ҷамъи тоҷирони Кундуз гуфт, ки мушкилоти мавҷуд миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шуда, ҳамсояи шимолӣ ваъда додааст, шароитро барои афзоиши равобити тиҷорӣ фароҳам хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Оқои Муттақӣ афзуд, давлати Тоҷикистон ваъда дод, ки имкониятҳои бештареро барои тиҷорат бо Афғонистон ба вуҷуд меоварад.
Вазири хориҷаи Толибон бо баёни ин ки талош барои табдили Афғонистон ба маркази тиҷорати минтақа дар ҷараён аст, изҳор дошт: Мушкилоти марзӣ миёни Афғонистон ва Покистон ҳал шуда ва барои осонсозии равобити тиҷоратӣ иқдомоте дар ҳоли анҷом аст.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Афғонистон пули барқи Тоҷикистонро пурра пардохт накардааст
“Бархе сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар боз шуда ва барои бозгушоии сафоратҳои дигар низ иқдомот дар ҳоли иҷро аст", - гуфт Муттақӣ
Ҳамчунин вазири хориҷаи толибон дар бораи сафари ахири ҳайати Толибон ба Қатар ёдрас шудааст.
“Дар Давҳа бо намояндаи вижаи Амрико дар хусуси захираҳои арзии бандшуда ройзанӣ анҷом шуд ва умедворем ин музокирот натиҷаҳои мусбат ба ҳамроҳ дошта бошад”,- афзуд Муттақӣ.
Ёдовар мешавем, ки расонаҳо ахитран хабар дода буданд, ки дар соли равон табодули коло миёни Афғонистону Тоҷикистон ҳудуди 40 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллион доллар бештар будааст.
Лентаи хабарҳо
0