Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи партоби мушак аз ҷониби Афғонистонро рад кард

© Foto Пресс-служба Президента УзбекистанаФонтаны с флагами в Ташкенте
Фонтаны с флагами в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи партоби мушак аз ҷониби Афғонистонро ба қаламраваш рад кард, ҳол он ки гуфта мешуд, ба ин кишвар мушак партоб шуда
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маълумот дар бораи партоби мушак ба қаламрави Ӯзбекистон аз Афғонистон дуруст нест, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифои ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, вазъ дар марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон мӯътадил аст.
"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи сеюми мушакӣ ба хоки Ӯзбекистон аз Афғонистон аз ҷониби Афғонистон маълумот паҳн шудааст. Ин маълумот бардурӯғ ва комилан воқеият надорад", — омадааст дар Telegram-канали Вазорати дифоъ.
Ба иттилои ин ниҳод, марзи давлатии миёни Ӯзбекистон ва Афғонистон пурра таҳти назорати низомиёни ӯзбек қарор дорад ва мӯътадил аст.
Узбекский пограничник на границе с Афганистаном у города Термез - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Ӯзбекистон хабари тирборон шудани Тирмиз аз сӯйи Афғонистонро рад кард
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки рӯзи 5 июл панҷ мушак ба қаламрави ин ҷумҳурӣ, ки эҳтимолан аз Афғонистон партоб шудааст.
Гуфта мешавад, ин партоб дар пай харобиҳо ва талафоти ҷонӣ надошт.
Ин ҳамларо ДОИШ ба зима гирифт.
Ҳукумати худхондаи толибон низ инро таъйид кард, ва гуфт ки ин талошҳо барои хароб кардани равобити Кобул бо Тошканд аст.
Нахустин хабарҳо дар бораи партоби мушак ба Ӯзбекистон аз Афғонистон моши авохири моҳи апрел паҳн шуда буд, ки он замон низ Тошканд онро рад карда буд.
Лентаи хабарҳо
0