Баргузории коллегияи муштараки вазоратҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе

© МВД РоссииГлава МВД России Владимир Колокольцев и глава МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода
Глава МВД России Владимир Колокольцев и глава МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури дохилӣ хабар додааст, ки моҳи сентябр дар пойтахти кишвар коллегияи муштараки вазоратҳои Тоҷикистону Русия баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар коллегияи муштараки Тоҷикистону Русия баргузор хоҳад шуд.
“Коллегияи муштарак имсол дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин масъала алакай бо ҳамтоям оқои Колоколтсев баррасӣ кардем. Ҷониби Русия омодааст моҳи сентябр ба Тоҷикистон биёянд”, - гуфт вазири корҳои дохила.
Зимни нишасти матбуотӣ рамазон Раҳимзода дар бораи самтҳои дигар ҳамкорӣ низ ёдрас шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Истирдоди 55 гумонбар дар ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон
Ҳамчунин вай вазири тоҷик қайд кард, ки дар дар шаш моҳи соли равон аз қаламрави Русия 55 нафар гумонбр дар ҷиноят ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки аз Тоҷикистон низ як нафар бояд ба қаламрави Русия истирдод шавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз 1992 то 2020 байни Тоҷикистону Россия беш аз 290 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0