Фоҷеа дар Деваштич: корманди Кумитаи заминсозӣ ду фарроши ин идораро куштааст

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич барои куштори ду зани фаррош дар ин идора дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Манобее аз ҳукумати ноҳияи Деваштич дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.
Аз занони кушташуда Фозиловаҳо, узви як хонавода ва сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи ном мебаранд. Ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Оббозиву моҳидорӣ барои сокинони Шаҳритӯсу Бӯстон ва Рашт бо фоҷеа поён ёфт
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, он рӯз Фозиловаҳо барои поккории идораи заминсозӣ рафтаанд ва дар он ҳангом Мунавваров ҳозир шуда, даст ба куштори онҳо задааст.

“Аз шунидани ин хабари мудҳиш мо, кормандони ҳукумат то ҳол дар ҳолати шок ҳастем. Чаро корманди идораи заминсозӣ даст ба ин кор зад, барои мо муаммо аст”, – иброз намуд манбаъ аз ҳукумати Деваштич.

Бо гузашти ду рӯз аз вуқуи ин ҳодиса мақомоти милитсия Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштичро дар пайи роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи имрӯз дастгир кардаанд.
Зимнан аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратура бо моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0