Оббозиву моҳидорӣ барои сокинони Шаҳритӯсу Бӯстон ва Рашт бо фоҷеа поён ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Дар робита ба гармои ҳаво, ки оббозӣ бештар мешавад, КҲФ аз сокинон хостааст, дар чунин шароит аз эҳтиёт кор бигиранд ва махсусан ба кӯдакон диққат диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз се ҳолати ғарқшавӣ хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ сар задааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 17-уми июли соли ҷорӣ дар канале дар қаламрави ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ҷасади шахси ношинос пайдо шуд.
"Маълум гардид, ки ӯ як сокини 58-солаи ноҳияи Шаҳритӯс буда, бар асари рияо накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ыасади марҳум барои ташхиси баъдӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Ҳамчунин як рӯз 18 июл пас аз зуҳр сокини 23-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади марҳумро соати 18:10 дақиқа пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Ҳодисаи сеюм низ да ин рӯз дар қаламрави ноҳияи Рашт рух додаааст. Навраси 16-солаи деҳаи Яшмии ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳия ҳангоми моҳидорӣ дар рӯди Сорбоғ ғарқ шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади писарбача то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале пайдо нашуд. Субҳи имрӯз корҷои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд, афзудааст манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои нохӯш аз сокинони кишвар даъват мекунад ҳангоми шиноварӣ ва истироҳат дар назди махзанҳои об эҳтиёт кунанд.
Ин ниҳод қаблан низ дар робита ба гармшавии ҳаво ва бештар рафтани сокинон ба лаби кӯлу дарёҳо ҳушдор дода буд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва махсусан мувоҷеҳи кӯдакону ноболиғон бошанд.
Ҳолатҳои ғарқшавӣ ва худкушӣ дар об аз аввали сол дар кишварназдик ба 80 ҳолатро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0