Нобудсозии ғизои хатарнок дар Тоҷикистон

© Sputnik Куриное мясо на рынке
Куриное мясо на рынке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумтаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз нобудсозии даҳҳо тонна маҳсулоти ғизоӣ хабар дод, ки барои саломатии шаҳрвандон хатар доштанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Беш аз 100 тонна маҳсулоти хатарноки ғизоӣ дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон нобуд карда шудааст, ки аз тухму асал то меваю гӯштро дар бар мегирад.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати ҶТ, зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми 6 моҳи аввали соли равон ҳудуди 27,6 тонна маҳсулоти гӯштии хатарнок нобуд карда шуд.
"Инчунин 6,4 тонна маҳсулоти ширӣ, 846 литр равғани растанӣ, 513 кило моҳӣ, 345 кило асал, зиёда аз 2 тонна намак, беш аз 3 тонна меваи хушк, наздики 57 тонна сабзавоту мева, 4,7 тонна каду, беш аз 17 ҳазор дона тухм нобуд карда шуд", - хабар дод ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бо саҳлангории мутахассисони соҳа, маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ аз хориҷ ба кишвар ворид карда мешуданд, ки бо истеъмоли он бисёре аз шаҳрвандон мубталои бемориҳои гуногун гардиданд.
Барои ҷилавгирӣ аз ин раванд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи ташкили сохтори алоҳидаи назоратӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакатро ба миён гузошт.
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Азми Тоҷикистон барои раҳоӣ аз пойбандӣ ба равғани воридотӣ: Чин ҷалб мешавад
Дар пайи ин ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли соли 2017, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукуматро таъсис дод.
Таъкид шуд, ки мақсад аз таъсисёбии Кумита, кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкороне, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар, маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд, мебошад.
Лентаи хабарҳо
0