Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Водительские удостоверения
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон тарҳи нави қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешниҳод шудааст, ки феълан дар марҳалаи мувофиқат бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон тарҳи нави қонун дар мавриди қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пешниҳод кардааст, хабар дода шуд зимни нишасти матбуотии ВУД.
Ба иттилои манбаъ, феълан тарҳи қонун дар мувофиқа миёни идораю вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки дар тарҳи пешниҳодшуда аз ҷумла масъалаи баланд бардоштани синни додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар миён гузошта шудааст.
Ин нукта дар посух ба масъалагузории рӯзноманигорон баён дошта шуд, ки бисёри садамаҳо бо иштироки ронандаҳои ҷавон рух медиҳанд. Феълан маълум нест, ки то куҷо боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди садамаҳо мусоидат менамояд.
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
ВКД сабаби садамаи автобус ва се мошини сабукрав дар назди "Садбарг"-ро шарҳ дод
Айни ҳол қонунгузории Тоҷикистон синни додани шаҳодатномаи ронандагиро 18 муқаррар кардааст.
Пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0