Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в новой школе Дангаринского района
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в новой школе Дангаринского района  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дарси сулҳ, ки тибқи анъана аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки интизор меравад, 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад ва дар он бо муҳассилину масъулин мулоқот баргузор намояд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия кай ба қабули хонандагон оғоз мекунанд?
Мулоқот дар Донишгоҳи тиббӣ дар ҳоле дар назар аст, ки ахиран президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ низ интиқод карда буд.
Ӯ гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод. Ӯ гуфт, агар давлат олимони босавод, иқтисоддонони боқувват надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0