Путин вориди Теҳрон шуд

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймои раисҷумҳури Русия ба фурудгоҳи пойтахти Эрон фуруд омад. Путин дар Теҳрон дар музокироти сеҷонибаи Русия, Эрон ва Туркия иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳавопаймои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Теҳрон фуруд омад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Владимир Путин қарор аст, дар ин сафари худ як силсила дидорҳо бо раҳбарияти олии Эрон анҷом диҳад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Путин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ мулоқот кунад. Инчунин дар ин сафар музокирот сеҷонибаи роҳбарони Русия, Эрон ва Туркия дар назар аст.
“Нахуст раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва баъдан бо раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот хоҳад кард. Баъдан Владимир Путин бо ҳамтои туркиаш гуфтугӯи алоҳида хоҳад дошт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июн Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ шахсан мулоқот кард.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Путин дар Эрон бо оятуллоҳ Хоманаӣ мулоқот мекунад
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки пас аз ин дидорҳо музокирот дар шакли Русия-Эрон-Туркия сурат мегирад.
Манбаъ илова кардааст, ки дар пайи ин дидор руасои ҷумҳури кишварҳо изҳорот хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта Владимир Путин бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт кишвардори Русияро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат шахсан пешвоз гирифт ва дар Қасри миллат мулоқоту суҳбатҳо баргузор шуданд.
Пасон, Владимир Путин аз Душанбе ба Ишқобод парвоз кард ва дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад, иштирок кард.
Бояд гуфт, сафар ба Эрон, саввумин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0