Қарори раиси Душанбе барои бардоштани нуқтаҳои хатарноки сӯзишворӣ

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворие дар пойтахт, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, аз миён бардошта шаванд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳудуди 17 нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба талабот мувофиқат намекунанд, бардошта хоҳанд шуд.
Дар ин бора масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аллакай қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои бартараф кардани нуқтаҳои ғайримеъёрӣ ба тасвиб расидааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҳар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳӣ танҳо баъди иҷозати мақомоти оташнишонӣ сохта мешавад.
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Таркиш дар маркази Душанбе: ВКД аз як ҷароҳатбардошта хабар дод - видео
Ба иттилои Раҳимзода аз аввали сол то 30 июн дар ҷумҳурӣ 472 ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбати нишондоди соли гузашта 83 холат ё 15% кам мебошад.
Ба иттилои вазири умури дохилаи Тоҷикистон бар асари сӯхторҳо 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 3 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳад. Теъдоди маҷруҳшудаҳо беш аз 30 нафар арзёбӣ гардид.
Зарари расида аз сӯхторҳо дар нимсолаи аввали соли равон наздики 14,4 млн сомонӣ ҳисоб карда шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 16,7 млн сомониро ташкил медод.
Таъкид шудааст, ки оташнишонҳо тайи ин муддат ҳаёти 77 нафарро аз сӯхтор наҷот дода, амволи шаҳрвандонро ба маблағи наздик ба 300 млн сомонӣ аз нобудшавӣ ҳифз кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0