Рубл ба болою доллар ба поён: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Рубли русӣ тайи рӯзҳои истироҳатӣ нисбат ба сомонӣ гаронтар шудааст. Қурби евро низ пас аз коҳишёбии давомнок рӯ ба боло ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, 1000 рубл 171,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 171,5 сомонӣ арзиш дошт.
Пули аврупоӣ низ дар канори рубли русӣ майли гаронӣ дорад. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 10, 5108сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 10, 4807 сомонӣ барои як евро буд.
Аммо вазъи бо пули амрикоӣ бадтар мешавад. Доллар боз коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.4068 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.3798 муқаррар шудааст.
Золотые слитки и деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тоҷикистон захираи асъору тилояшро зиёд кард
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 171,8 ва дар фурӯш 174,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 171,5 сомонӣ мехараду ба ивази 174 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 171,5 ва ҳангоми фурӯш 173,5 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0