Русия умед дорад, ҷаласа дар Эрон мушкилоти Сурияро ҳал хоҳад кард

Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия гуфт, кишвараш умедвор аст, мушкилоти Димишқ бо роҳи дипломатӣ ҳал мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия, ахиран гуфтааст, ки Маскав умедвор аст, нишасти сегона дар Эрон мушкили Сурияро тавассути гуфтугӯ ҳал хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Русия талош дорад, раҳбарияти Туркияро мутақоид созад, то барои ҳалли мушкилот ба усулҳои зӯроварӣ даст назанад, балки тасмим бигирад, бо роҳи гуфтугӯ, тавассути муколамаи ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти пешомадаро ҳал намояд. Мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқоти се ҷониба - ба рушди ин мушкилот дар самти дурусти гуфтугӯҳои сиёсӣ мусоидат хоҳад кард”, - гуфт Лаврентьев дар шабакаи телевизионии аввали Русия.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия вориди шаҳри Теҳрон шуд.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Путин вориди Теҳрон шуд
Владимир Путин қарор аст, дар ин сафари худ як силсила дидорҳо бо раҳбарияти олии Эрон анҷом диҳад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Путин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ мулоқот кунад. Инчунин дар ин сафар музокирот сеҷонибаи роҳбарони Русия, Эрон ва Туркия дар назар аст.
“Нахуст раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва баъдан бо раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот хоҳад кард. Баъдан Владимир Путин бо ҳамтои туркиаш гуфтугӯи алоҳида хоҳад дошт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0