Ташкили ситоди шабонарӯзӣ дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ баъд аз фурӯ рафтани “Дулан” ба дарё

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото
Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Баъди фурӯ рафтани мошини “Дулан” ба дарёи Зарафшон масъулони ҳукумат дар роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ ситоди шабонарӯзии ташкил намудаанд
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Ҳадаф аз таъсиси ситоди корӣ дар ин масир таъмини бехатарии мусофирону ронандагон гуфта мешавад.
Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ гуфт, ки килеметри 20 -24 роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳамвору душворгузар буда ҳар лаҳза хатари фаромадани ярчу кӯҳпора вуҷуд дорад.
“Кори ситод ҳам аз он иборат аст, ки бехатарии роҳро назорат мекунанд. Дар он ҷо техникаҳо бурда шудаанд ва дар вақти зарурат барои тоза намудани роҳ истифода мешаванд” – таъкид намуд, сардори КҲФ.
Корбарони шабакаҳои интернетӣ чанде пеш як видеоеро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода буданд, ки дар он чи гуна ба қаъри дарё фурӯ рафтани як мошини боркаши тамғаи "Дулан" ҳангоми дида мешавад.
Дар видео дида мешуд, ки дарё автомашинаро ибтидо оҳиста оҳиста такон дода дар ниҳоят ба қаъри худ мекашад.
Ронандагони зиёде аз баланди аз канори роҳ ин манзара дида аз фурӯравии "Дулан" ба қаъри дарё изҳори таасуф кардаанд.
Ҳодисаи ба дарёи Зарафшон фуру рафтани Дулан субҳи рӯзи 4 июл дар километри 24 уми роҳи Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳи рух додааст.
Бино ба иттилоъи КҲФ ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаши тамғаи “Хова” (Дулан), таҳти идораи ронанда Салимов Қурбоналӣ, сокини шаҳри Турсунзода қарор доштааст, ки ангишт мекашонид.
Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Дарёи Зарафшон мошини “Дулан”-ро "фурӯ" бурд – видео
Мирзошо Мирзошоҳиён дар тавзеҳи ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушбахтона ба худи Салимов осеб нарасидааст ва ӯ дар вақти фуруравии мошин ба дарё тавонистааст, ки худро ба берун гирад.
Роҳи Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳи аҳамияти тиҷоратӣ дошта тавассути он молу маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Вале дуруст таъмир нашудани ин масир сабаби садамаҳои зиёди нақлиёти мегардад.
Лентаи хабарҳо
0