Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корхои дохилии ҷумҳурӣ аз натиҷаи сатҳи содиршавии ҷиноят дар кишвар гузориш дода гуфт, ин вазъ миёни ноболиғон нигаронкунанда аст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 12482 амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1396 адад кам мебошад.
Ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Аз ҷумла, дар ин давра 22 ҳолати куштор, 65 ғорат, 8 далели хариду фурӯши одамон, 16 таҷовуз ба номус, 20 тамаъҷӯйӣ содир шудааст.
Кормандони ин ниҳод 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, ноболиғон дар ин дав бештар ҷиноят содир кардаанд, ки боиси ташвиш хонда шуд.
Девушка сидит на столе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Вазир дар бораи савдои духтарони тоҷик ба хориҷ: "Ин барои миллати тоҷик ташвишовар аст"
Зарфи шаш моҳ аз ҷониби ноболиғон дар кишвар 431 ҷиноят содир шудааст, ки 41 ҳолат нисбат ба ҳамин давлаи соли қаблӣ бештар аст.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гуфт, ҳарчанд амалиётҳои пешгирикунанда зиёд роҳандозӣ мешавад, аммо ноболиғон бо худ корду дигар лавозимот мегардонанд, ки боиси ташвиш аст.
Аммо аз ҷониби ҷавонон бошад, камтар ҷиноят содир шудааст. Ин қишр дар ин давра 1944 ҷиноят содир кардааст, ки 874 ҳолат камтар аз ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон аз фаъолияти худ дар шаш моҳи ахир гузориш дода, шумори парвандаҳои ҷиноии бозшударо номбар карда буд.
Тибқи омори ин ниҳод, аз моҳи январ то июни соли 2022 беш аз 20 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0