Эколог ба раиси Суғд сарчашмаи бӯйи бад дар Хуҷандро нишон дод: дастури Аҳмадзода

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель области Раджаббой Ахмадзода
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мушкили бӯйи ғализ дар Хуҷанд ду сол боз бо мақомдорони шаҳр ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар миён гузошта мешавад, аммо то ҳол ҳал нашудаст
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сабаби бӯй гирифтани шаҳри Хуҷандро аз масъулини экология пурсид.
Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди бӯй дар Хуҷандро ба уҳдаи Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Идораи экологияи Суғд вогузошт.
Ҳакимзода дар шарҳи сарчашмаи бӯй гуфт, дар наздикии сарҳади шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 фермаҳои паррандапарварӣ ташкил карда шудаанд, ки ба истеҳсоли тухм ва гушти мурғ машғуланд.
"Мутаасифона аз ҳисоби саривақт тоза накардани партови ин корхонаҳо бӯи ғализ аз он маконҳо пайдо шуда, тавассути шамол ба ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини Хуҷанд паҳн мегардад" - гуфт масъули экологияи Суғд.
Ӯ ҳамчунин аз камбудӣ дар бахши партовтозакунӣ гуфт, ки солҳои охир бо сабаби афзоиши шумори аҳолӣ ҳаҷми партов зиёд шудааст.
Мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд ду сол ба ин тараф пайдо шуда, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайваста ба мақомдорон ҳалношуда боқӣ мондаст.
Улица в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
"Касе шикоят накардааст". Мақомоти Суғд бӯйи ғализ дар шаҳри Хуҷандро ҳис намекунад?
Сокинони Хуҷанд мегӯянд, бӯи ғализ одатан субҳгоҳон ва шом маҳаллаҳоро фаро мегирад. Сокинон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар ин вақт, ки айни салқинии рӯз аст, дару тирезаи хонаҳояшонро кушода наметавонанд. Ин масъала ҳамчунин мояи нороҳатии меҳмонону сайёҳон арзёбӣ шуд.
Дар пайи баррасии масъала, раиси вилояти Суғд ба масъулони Идораи экология ва Маркази санитарию эпидемиологии вилоят дастур дод, ки ба маҳалли паҳншавии бӯи ғализ раванд ва ҳар чи зудтар ин мушкилро бартараф намоянд.
Лентаи хабарҳо
0