Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кӯргиреҳи Украина: ИМА дар дуроҳаи интихоби шикаст ва ҷанги ҳастаӣ

© AFP 2022 / DREW ANGERERДжо Байден
Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба иттилои расонаҳои Шветсия, як лейтенанти 28-сола, ки чанде пеш аз нерӯҳои ҳавоии миллӣ ба нафақа баромада буд, дар наздикии Донетск ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik, Ирина Алкснис. Ба гуфтаи ин манбаъ, ӯ чанд моҳ пеш ба манотиқи ҷанг омадааст, то "донишҳои тактикии худро мубодила кунад".
Ин хабар сарфи назар аз он ки аҳамияти маҳаллӣ дорад, бо рӯйдодҳои дигари рӯзҳои ахир дар як саф қарор гирифтааст. Он рӯшан нишон медиҳад, ки Ғарб дар чорроҳа қарор дорад ва ба зудӣ маҷбур хоҳад шуд, ки дар бораи шакли иштироки минбаъдаи худ дар сарнавишти Украина тасмим бигирад.
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Дар ИМА мутмаинанд, ки Байден дар набард барои Украина мағлуб мешавад
Мушкил он аст, ин раванд тавре ҷараён надорад, ки дар он тарафи уқёнуси Атлантика мехостанд ва тарҳрезӣ карда буданд.
Иқтисоди Русия ба сахттарин зарбаи таҳримҳои “дӯзахӣ” тоб овард. Аммо Аврупо ва Амрико ончунон осеб диданд, ки онро пинҳон карда наметавонанд. Ва тирамоҳ вазъият риққатбор хоҳад шуд.
Ҳамчунин мунзавӣ кардани Маскав ҳам иттифоқ науфтод. Гузашта аз ин бо тамошои ҳодисаҳои рӯйдода ҷаҳони ғайриғарбӣ нисбат ба гегемони ҷаҳонӣ нафарти ошкор нишон медиҳад. Сафари Байден ба Ховари Миёна боиси таассуф гардид, ки ҳеҷ гуна риторикаи рӯҳбаландкунанда наметавонад онро пӯшонад. Аммо дирӯз Путин ба Теҳрон парвоз дошт. Ва дар нишасти Индонезия Лавров нишон дод, ки таҳрими кишвари мо дар G20 ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷа намедиҳад.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Медведев: Ҳадафҳои амалиёт дар Украина амалӣ хоҳанд шуд
Аз ҳама муҳим ин аст, ки Украина хушҳол нест. Ҳодисаҳо дар ҷабҳаҳо ҳанӯз суст инкишоф меёбанд, бинобар ин коршиносон дар баҳсҳо дар бораи бартарии тарафҳо дар ин амалиётро идома медиҳанд. Аз сӯйи дигар изҳорот ва қарорҳое, ки моҳияти ҳодисаҳои рухдодаро ошкор мекунанд, дар миёни мансабдорон ҳарчи бештар рахна мекунанд. Азли додситони кул ва сардори ХАУ ҳамроҳ бо ибораҳои "фаъолияти ғайриқаноатбахш" ва "далелҳои сершумори хиёнат ба давлат" аз ин шаҳодат медиҳад.
Барои Ғарб Украина саҳми аслии мубориза бо Маскав шудааст. Нокомӣ дар ин ҷо қобили қабул нест. Аммо кор тамоман нодуруст пеш меравад.
Суоле ба миён меояд: Ғарб бояд чӣ тавр пеш равад?
Он се роҳ дорад: 1) ақибнишинӣ, 2) ворид шудан ба бархӯрди ошкорои низомӣ бо Русия дар Украина, 3) идомаи амалҳояш дар мантиқи феълӣ.
Гузинаи аввал таслими ошкори Ғарб ба Маскавро дар бар мегирад, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан ба назар боваринок ба назар мерасад, дуюмаш сайёраро дар остонаи ҷанги ҳастаии ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Хуб, гузинаи сеюм, ки аллакай бесамар будани худро исбот кардааст, маънои боз ҳам зиёд кардани кӯмаки ҳамаҷонибаи гаронбаҳоро ба Киев дорад, ки Ғарб қодир нест, ҷараёни корҳоро дар фронт тағйир диҳад.
Лентаи хабарҳо
0