Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров фаҳмонд, чаро музокирот бо Киев маъно надорад - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Киев санади таҳияшуда бар пояи усули баёндоштаашро аз ҷониби Маскав гирифт, аммо дигар садояш шунида намешавад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия
Дар ҳолати феълӣ музокирот бо Украина ҳеч маъное надорад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо RT ва РИА "Новости".
Лавров зикр намуд, ки дар оғози амалиёти низомии Русия, ҷониби Украина хостори музокирот шуд ва Маскав онро пазируфт.
"Даврҳои аввали гуфтушунид, ки дар Белорус баргузор шуданд, адами хоҳиши ҷониби Украина барои баррасии чизи ҷиддиеро ошкор кард. Мо арзёбиҳои худро ба онҳо расондему изҳор доштем, ки агар ҷиддӣ коре мехоҳед, чизе рӯи коғаз пешниҳодамон кунед, то фаҳмем, ки чӣ созишҳоро баррасӣ кардан мехоҳед", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҷониби Украина дар шакли хаттӣ усулҳои худро пешниҳод кард, ки тарафи Русия аз онҳо ҷонибдорӣ намуд. Маскав ба гуфтаи Лавров изҳори омодагӣ кард, ки дар заминаҳои пешниҳодшуда созишнома баста шавад.
"Мо ба онҳо санаде додем, ки бо такя ба мантиқи онҳо таҳия шуда буд. 15 апрел чунин санад дар онҳо пайдо шуд ва аз он вақт инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад", - гуфт дипломат.
Ӯ илова намуд, ки ба ҷои садои Киев изҳороти роҳбарони аврупоӣ ба гӯш мерасад, ки бар асоси онҳо Украина бояд дар майдони ҷанг пирӯз шавад ва дар ҳолати кунунӣ, ки мавқеаш дар ҷабҳа заиф аст, набояд сари мизи музокирот нишинад.
"Ман фикр мекунам, ки ин ҳама "ба фоидаи камбағалҳост" тавре мегӯянд", - изҳор дошт Лавров.
Путин дар бораи дидори эҳтимолиаш бо Зеленский гуфт
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0