Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксПожарные во время тушения пожара, архивное фото
Пожарные во время тушения пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли равон дар кишвар 472 сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хисороти онҳо беш аз 14 миллион сомониро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи сӯхтори амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта кам буда, соли 2021 хисороти расонидашуда дар ҳамин давра 16 миллиону 722 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
“Дар давоми 6 мохи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи сӯхтор низ кам шудааст. Дар ин давра дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад”, - гуфт вазир.
Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки дар натиҷаи сӯхторҳо 9 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ки 3 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
ВУД сабаб ва зарари сӯхтор дар бозори Хоруғро муайян кард
“Сабаби сар задани сӯхтор асосан омили инсонӣ – хунукназарии одамон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад. Асбобҳои гармидиҳӣ, ҳавополоҳо (кондитсионерҳо), шамолдиҳандаҳо (вентиляторҳо) ва дигар асбобҳои рӯзгор шабонарӯзӣ ва на ҳамеша мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ истифода бурда мешаванд”, - афзуд вазири умури дохила.
Вазир илова кард, ки дар саросари кишвар беш аз 86 нуқтаи оташнишонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар замони истиқлолият кушода шудаанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар давоми шаш моҳ кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди шаш ҳазор муассисаҳои гуногунро ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии сӯхтор тафтиш намуда, фаъолияти биноҳое, ки дар ҳолати таҳдиди сӯхтор қарор доранд, боздошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0