Дар Тоҷикистон нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгоградро эълон карданд

© Sputnik Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент
Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулини "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон хабар додаанд, ки нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгогради Русия то 1,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе - Волгоград хабар дод.
Ба гуфтаи ин мансабдори тоҷик, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад ва мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст.
“Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон мешавад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст, аммо ӯ дар бораи хатсайрҳои нав чизи мушаххасе нагуфт.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.
В вагоне-ресторане поезда Москва-Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
То миёнаҳои моҳи июл: Русия мехоҳад муҳоҷиронро бо қатора биёрад
Бояд гуфт, ки ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи 30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.
Қатораи нахустини мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград низ барқарор мешавад ва рӯзҳои чоршанбе аз Хуҷанд ба Волгоград ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба Хуҷанд сафар мекунад.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0