Аз об то марз – масоили мавриди гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои Душанбеву Бишкек дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Садир Ҷабборов, президенти ин кишвар гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, сарони ду кишвар зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ду роҳбар дар мавриди масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
“Сарони давлатҳо дар бораи муҳимияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ташаккули фазои нави ҳамёрӣ мусоидат карда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар такон мебахшанд, андешаи ҳамсон доштанд”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо ба роҳ мондани муколамаи созандаи дуҷониба бар пояи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои рушди минбаъдаи онҳо муҳим донистанд.
“Дар робита ба ин, Сарони давлатҳо ба ҳалли тамоми масъалаҳо бо назардошти манфиатҳои тарафҳо танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намуданд”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки руасоиҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти механизмҳои ҳамёрии дуҷониба, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ дар умури делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷоннок карда шавад.
Четвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоҷикистону Туркманистон Созишномаи дӯстиро кай имзо мекунанд?
Ҳамчунин ду роҳбар муҳимияти истифодаи ҳамоҳангшудаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва густариши ҳамкориро дар ин самт таъкид карданд.
“Мувофиқа ҳосил гардид, ки фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Кирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи захираҳои об муҷаддадан фаъол гардонида шавад”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур
Президентҳо фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Аралро дар заминаи раёсати Тоҷикистон дар ин сохтор баррасӣ карданд.
“Дар робита ба ин, онҳо ба идома додани талошҳои пайвастаи ҳамаи давлатҳои муассис ҷиҳати такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқию қарордодии ФБНА бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бидуни истисно изҳори ҷонибдорӣ карданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов изҳори итминон карданд, ки усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси онҳо ду халқ аз замонҳои қадим зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои созандаи ду ҳамсояи наздик мусоидат хоҳанд намуд.
Лентаи хабарҳо
0