Даромади дубаробарии Ӯзбекистон аз фурӯши газ ба Чин

© Pixabay / Eduin EscobarГазовая конфорка
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти гумруки Чин ахиран гузориш додааст, ки даромади Ӯзбекистон аз фурӯши газ ба ин кишвар ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Даромади Ӯзбекистон аз содироти гази табиӣ ба Чин дар нимсолаи аввали соли гузашта 2,2 баробар зиёд шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба Хадамоти гумруки Чин.
Манбаъ хабар додааст, ки Чин аз моҳи январ то июли соли равон ба маблағи 404 миллион доллар аз Ӯзбекистон гази табиӣ харидааст.
Ӯзбекистон ба гуруҳи кишварҳои панҷгонае шомил шудааст, ки тавассути лӯла ба Чин газ содирот мекунанд.
Велосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Тоҷикистону Туркманистон дар бахши коркарди нафту истихроҷи газ ҳамкорӣ мекунанд
Дар ин гуруҳ Туркманистон ҳанӯз ҳам дар мақоми аввал буда, дар шаш моҳ ба маблағи 4,51 миллиард доллар ба Чин газ фурӯхтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст.
Русия дар ҷои дувум қарор дорад. Ин кишвар ҳаҷми фурӯши газ ба Чинро то ба 1 миллиарду 650 миллион доллар расонидааст.
Кишвари Мянмар низ ба Чин дар ҳаҷми 616 миллион доллар газ фурӯхтааст ва севумин содиркунанда ба ҳисоб меравад. Пас аз ин кишвар, Қазоқистон бо 531 миллион доллар дар ҷои чаҳорум қарор доранд. Узбекистон бошад бо 404 миллион доллар дар ҷои панҷум қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0