Кумитаи меъморӣ гуфт, бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" кай ба истифода дода мешавад

© Пресс-служба комитета по строительству и архетектуре РТПроект нового здания парламента РТ
Проект нового здания парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Сохтмони бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" тибқи нақша ҷараён дошта, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмаи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли оянда ба анҷом мерасад.
Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод, сохтмони ин иншоот тибқи ҷадвал идома дорад ва ба истифода додани онҳо аз моҳҳои апрел то сентябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Вай таъкид кард, ки лоиҳаҳоро ду ширкати чинӣ амалӣ мекунанд, корҳо дар ду баст ҳоло идома дорад ва ягон мушкил дар ин самт нест.
Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд хоҳад шуд.
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Бо супориши президент: чойхонаи "Роҳат" тахриб намешавад
Қаблан хабар дода шуда буд, Тоҷикистон маводу таҷҳизоти воридотӣ ба кишварро, ки барои сохтмони ин иншоот пешбинӣ шудаанд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бар асоси ин ёддошт, Чин барои бунёди ин иншоот ҳудуди 1,5 миллиард юан ихтисос хоҳад дод.
Корҳо дар боғи "Истиқлол"-и пойтахт бошад, тибқи нақша ҷараён дошта, ҳоло қисмати тозакунӣ ва ободонӣ идома дорад.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ин боғ дар ҷашни 31-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода дода шавад ва ҷашнҳо низ дар он баргузор мешавад.
Боғ пурра озод барои гаштугузор буда, баро тафреҳи кӯдакон низ лавозимоти махсус насб карда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0