Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко ба қатъи низоъ дар Украина ва пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ даъват кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи акс Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус бар ин аст, ки низоъ дар хоки Украина бояд ҳарчи зудтар хотима дода шавад то он ба ҷанги ҳастаӣ мунҷар нашавад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, ки кишварҳои Ғарб, Украина ва Русия бояд ба низоъ дар хоки Украина хотима диҳанд, то он ба ҷанги ҳастаӣ мунҷар нашавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Франс Пресс”.
“Мо бояд истод шавему ба созиш бирасем. Мо бояд ба ин нофаҳмиҳо, амалиёт ва ҷанг дар Украина хотима диҳем. Биёед аавал бо он хотима диҳем ва сипас тасмим гирем, ки чӣ гуна бояд зиндагӣ кунем... Бештар аз ин дигар лозим нест. Чун ҷанги ҳастаӣ дар пеш аст", - гуфт раисҷумҳури Беларус.
Тавре Лукашенко дар мусоҳиба бо хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, Киев бояд "сари мизи музокирот нишинад ва розӣ шавад, ки ҳеҷ гоҳ ба Русия дигар таҳдид намекунад".
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Медведев: Ҳадафҳои амалиёт дар Украина амалӣ хоҳанд шуд
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0