Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Чорумин нишасти машваратии руасои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота баргузор шуд ва Тоҷикистон раёсати баъдии ин ҷаласаро ба зимма гирифт
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Нишасти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни сухани интиҳоияш дар чаҳорумин нишасти машваратии президентҳо имрӯз 21 июл дар Чолпон-Ота баргузор шуд, изҳор дошт
"Ман бо хушнудӣ раисии ҷаласаи машваратии ҷашниро ба Тоҷикистон месупорам. Ба Эмомалӣ Шарипович раёсати бомуваффақият ва пурсамар таманно дорам. То ҷаласаи навбатӣ дар Душанбе", - гуфт раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкорӣ дар таҳкими амният ва иқтисод аз мавзуъҳои аслии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, маркази вилояти Исиқкӯл буд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа сарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон "Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI"-ро имзо карданд.
резидент Киргизии Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Ҷабборов гуфт, Осиёи Марказӣ қодир аст, худро бо ғизо таъмин кунад
Гуфта мешавад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин созишномаро имзо мекунанд.
Мақомот умедворанд, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар минтақа хоҳад шуд.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли 2021 мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.
Лентаи хабарҳо
0