Қаҳрамонии Осиё барои варзишгарони тоҷик бидуни медал хотима ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Яккачини Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ноком гашт ва ҳоло барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ миёни ҷавонон, ки дар Эквадор мегузарад, омода мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар шаҳри Бангкоки Тайланд Қаҳрамонии Осиё (Asian Junior Championships 2022) оид ба ҷудо миёни ҷавонон ба анҷом расид, ки дар он варзишгарони тоҷик ягон медал ба даст наоварданд.
Ин мусобиқот рӯзҳои 20 ва 21-уми июл дар доир шуда, Тоҷикистонро дар он Суруш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) намоняндагӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи ҷудои кишвар.
Гуфта мешавад, Суруш Эркаев дар даври аввал бар ҷудокори Арабистони Саудӣ Алҳасан Суғайир бо ду "ваза-ари" дастболо шуда, дар чорякниҳоӣ варзишгари мизбон – Кититҳон Фуйнойро дар 15 сония бо усули буғӣ кардан шикаст дода, ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Ҷудокори ҷавони тоҷик дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон - Нурканат Серикбаев, дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудочии муғул – Медсайхан Нямсурен шикаст хурд ва аз медали бенасиб монд.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Маҷидов дар "Zagreb Grand Prix-2022" мақоми 7-умро гирифт
Сунатулло Лоиқов бошад, дар нахустин рақобаташ бар Сан Ли Вей аз Тайпей пирӯз шуд, вале дар чорякниҳоӣ аз варзишгари Қирғизистон - Алмазҷон уулу Тегин ноком шуд.

Дар даври тассалобахш Лоиқов бар ҷудочии Арабистони Саудӣ – Алҳаҷри Муҳаммад бо "осаекоми" ғалаба ба даст овард ва ба рақобат барои нишони биринҷӣ роҳ ёфт, вале аз Максим Мейрлани қазоқ ноком шуд ва мусобиқаро барои худ бидуни медал ба анҷом расонид.
Муҳаммадҷон Абдуҷалиловбошад, дар даври якум бар варзишгари ҳинду – Парвендер Парвендер бо "иппон" пирӯз шуд, аммо дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ - Парк Юн Ҳюн бо дарёфти се танбеҳ мағлуб шуд.

Дар даври якуми тассалобахш бар варзишгари Кувайт Албарак Халед дастболо шуд, вале дар рақобати тассалобахши дуюм аз Тумурсана Ренчиндорҷ (Муғулистон) шикаст хурд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт.
Ҳамин тариқ, дастаи ҷавонони ҷудои Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷаҳонӣ миёни ҷавонон, ки аз 10-ум то 13-уми август дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар Қаҳрамонии мазкур ширкати 9 ҷудокори кишвар дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0