Раҳмон аз ҳаводиси ахир дар Осиёи Марказӣ гуфту ҷиддитарин чолишҳоро ном бурд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, радикалҳо ва ифротгароёни мазҳабӣ "силоҳи асосии дасти душманони мо ҳастанд" ва бо пуштибонии беруна метавонанд фаъол шаванд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарғиби идеологияҳои ниҳоят хароби радикализми динӣ мебошад, гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Ота ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Осиёи Марказӣ барои тамоми марказҳои қудрати ҷаҳонӣ як минтақаи муҳим боқӣ монда, давраи душвори рушдро паси сар мекунад. Вазъият дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, рақобат ва бархӯрд миёни бозигарони ҷаҳонӣ шиддат мегирад. Тартиби ҷаҳонӣ тағйир меёбад", - гуфт Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳаводиси ахир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нерӯҳои мухталиф талошҳои худро барои ноором кардани суботи минтақа идома медиҳанд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои муайян тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки шаҳрвандони моро ба тазоҳуроти эътирозӣ ҷалб кунанд.
Ман борҳо дар бораи "ҳуҷайраҳои хуфта"-и терроризми байналмилалӣ гуфта будам, онҳо метавонанд дар ҳар лаҳза, аз ҷумла бо дастгирии фаъоли беруна зоҳир шаванд", - гуфт Раҳмон.
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Лукашенко: Набарди навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд
Мавсуф гуфт, радикалҳои динӣ метавонанд ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд, онҳо ва ифротгароён аслиҳаи асосии дасти душманони мо мебошанд. Рушди минбаъдаи ин раванд метавонад хатари воқеии ноором шудани вазъи дохилиро ба вуҷуд орад
Ба кишварҳои минтақа лозим аст, ки ҳамеша вазъро зери назорат гирифта, фаъолона амал намуда, сабабҳои эҳтимолии бесуботро пешгирӣ кунанд, қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тавассути хадамоти марбута барои мубориза бо густариши ақидаҳои тундгаро дар минтақа механизмҳои вижа эҷод шавад.
Лентаи хабарҳо
0