Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев
Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарони ду давлат ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар умури тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи машварати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
"Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
Дар ин дидор ҳамчунин ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0