Ҷаҳиши рублу уфти доллару евро: бозори арз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тамоюли гаронии пули русӣ ва дар баробари он евро дар Тоҷикистон идома дорад, аммо евро, ки тайи чанд рӯз майли гаронӣ дошт, дигарбора поин рафт
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, 1000 рубл 173,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 172,5 сомонӣ арзиш дошт.
Аммо асъори аврупоӣ, ки ҳавтаро дар баробари рубл бо гароншавӣ оғоз карда буд, боз коҳиш ёфт. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.5034 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10,5881 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз ҳам харобтар шудааст. Доллар боз коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.3798 сомонӣ муаян шуда буд, имрӯз бошад дар сатҳи 10.2723 муқаррар шудааст.
Доллары на блюде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
БМТ гуфт, дар ним сол доллар дар баробари сомонӣ чӣ қадар поин рафт
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 168 сомонӣ ва зимни фурӯш 178 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 173,2 ва дар фурӯш 176 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 172,2 сомонӣ мехараду ба ивази 177 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 173,2 ва ҳангоми фурӯш 176 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0