Содир Ҷабборов дар нишасти "панҷгона" масъалаи аломатгузории марз бо Тоҷикистонро бардошт

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, кишварҳо дар тақсимоти марз бояд ба сӯйи ҳамдигар иқдом кунанд. Ба қавли ӯ, нодида гирифтани ин мушкил боиси авҷи таниш мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон, дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, дар масъалаи аломатгузрории марзҳо кишварҳо бояд ба сӯи ҳамдигар иқдом кунанд.
"Амнияти умумӣ, субот ва шукуфоӣ аз фазои равобити кишварҳои минтақа вобаста аст. Дар ҳоли ҳозир корҳо дар самти таъйини марзи давлатии Қирғизистон бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистони бародар идома доранд", — гуфт Ҷабборов.
Вай иродаи сиёсиро барои ба таври мутақобилан судманд анҷом додани раванди гуфтушунид тасдиқ кард, то сарҳадҳо ба "пулҳои бози сулҳ, дӯстӣ, эътимод ва худи водии Фарғона ба воҳаи воқеии Осиёи Марказӣ" табдил ёбад.
Зимнан дар ин нишаст раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев низ ба масъалаи тақсимоти марз дар минтақа дахл кард.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Тоҷикистон гуфтанд, аломатгузории марзро бо Қирғизистон чӣ гуна ҳал мекунанд
Ӯ гуфт, садои ҳар як тир дар сарҳад тамоми минтақаро фаро мегирад.
Дар ин росто, Қазоқистон барои аломатгузории марзҳои Осиёи Марказӣ кумаки худро пешниҳод кард.
Мавсуф гуфт, ки ҳалли масъалаҳои баҳснок танҳо бо роҳи осоишта дар рӯҳи ҳамсоягии нек имконпазир аст.
"Ягон алтернативаи дигар вуҷуд надорад. Таъхир ё нодида гирифтани ин мушкилот боиси авҷ гирифтани вазъият аст", - гуфт президенти Қазоқистон.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Номуайянӣ мунтазам боиси таниш дар марз мешавад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва куштор аз ҳар ду ҷониб меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0