Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт

© AFP 2022 / DAMIEN MEYERТермометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки чораҳои таъҷилӣ зарур аст, зеро равандҳои тағйирёбии иқлим хатарҳои ҷиддиро ба бор меорад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ ба маротиб бештар аз ҳарорати миёнаи сайёра меафзояд ва дар охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт.
Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи машваратии сарони давлатҳо. Осиёи Миёна, ки дар Чолпон-Ата гузашт, изҳор дошт.
Вай гуфт, ин нуктаро дар такя ба маълумоти як гурӯҳи байналмилалии коршиносон оид ба тағирёбии иқлим ироа кард.
Ба гуфтаи онҳо, тағирёбии иқлим боиси коҳиши майдони пиряхҳо, ки манбаи асосии об барои минтақаанд, мегардад.
резидент Киргизии Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Ҷабборов гуфт, Осиёи Марказӣ қодир аст, худро бо ғизо таъмин кунад
Тоқаев афзуд, ки ҳаҷми пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ дар зарфи 50 соли охир 20—30 фоиз кам шуд, ки ин дар оянда маҷрои дарҳёҳои Сирдарё ва Амударёро хеле кам мекунад.
"Ҳамаи ин барои амнияти озуқаворӣ, энергетика ва иқтисодӣ хатарҳои ҷиддиро ба бор меорад ва чораҳои фаврии муштаракро талаб мекунанд", - гуфт Тоқаев.
Вай зикр кард, ки Қазоқистон аз ташаббуси Қирғизистон дар мавриди эълони соли 2022 Соли байналмилалии рушди устувори кӯҳистон истиқбол мекунад ва пешниҳоди Тоҷикистон низ дар бораи эълони соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро саривақтӣ медонанд.
"Ман итминон дорам, ки дигар бидуни муттаҳид кардани саъю кӯшишҳои худ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ пешгирӣ кардан ғайриимкон аст", - таъкид кард сарвари Қазоқистон.
Лентаи хабарҳо
0