“Амонтабонк” ба 33 ширкати воридкунандаи маҳсулоти Ӯзбекистон қарз додааст

© Sputnik / Амир ИсаевГлава Амонатбанка Сироджиддин Икроми
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси “Амонатбонк” хабар додааст, ин бонк ба 33 ширкат тоҷикистонӣ, ки ба ворид кардани маҳсулот аз Ӯзбекистон машғул ҳастанд, қарз додааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ба 33 ширкати тоҷикистонӣ ба маблағи умумии 12,8 миллион доллар хатти қарздиҳӣ боз кардааст.
Вай гуфт, ки ин қарзҳо танҳо барои воридоти коло ва маҳсулот аз Ӯзбекистон дода мешавад.
Ба гуфтаи Икромӣ, меъёри ин қарзҳои имтиёзнок тибқи созишномаи маблағгузории тиҷорат, ки тобистони соли 2018 ба имзо расида буд, 4,5 дарсад (барои 1 сол) ва 5,5 дарсади (барои 3 сол) солона аст.
Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби тавофуқи ҳосилшуда бо бонки Ӯзбекистон қарор аст, ба воридкунандагони тоҷик ба маблағи беш аз 33 миллион доллар қарзи тиҷоратӣ ироа шавад.
Здание Амонатбанка Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
Тибқи шартҳои созишнома, Амонатбонк дар ин раванд ба ҳайси кафил мебошад, яъне ба ширкатҳои тоҷикӣ замонат медиҳад, ки бо он онҳо метавонанд дар Ӯзбекистон коло бихаранд.
Ҳамин тавр, воридкунандагон- соҳибкорони тоҷик қарзро (бо сомонӣ) ба Амонатбонк мепардозанд, ки дар навбати худ маблағро ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
Қарзҳои Ӯзбекистон ба мӯҳлати аз як то се сол дода мешаванд: агар воридкунанда молҳои мавриди ниёзи мардумро ворид намояд - то 1 сол ва агар таҷҳизот бошад - то 3 сол.
Аккредитивҳо барои ҳар як шартномаи инфиродӣ метавонанд то як миллион кушода шаванд
Лентаи хабарҳо
0