Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро поин бурд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание Центрального банка РФ
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои мудирони Бонки марказии Русия қарори поин бурдани меъёри бозтамвилро бар пояи суръати сусти болоравии нархҳою таваррум қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дигарбора поин бурда, дар сатҳи 8%-и солона муқаррар кард.
Тибқи изҳороти Бонки марказӣ, суръати кунунии афзоиши нархҳои истеъмолӣ паст боқӣ монда, ба кундшавии таварруми солона мусоидат мекунад.
"Ин ҳам ба таъсири маҷмӯи омилҳои якдафъаина ва ҳам ба раванди маҳдуди тақозои истеъмолӣ вобаста аст", — омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки дар аввали моҳи июн Бонки марказии Русия қурбро ба сатҳи қабл аз пандемияи коронавирус баргардонд, ки 9,5% буд.
Дар зимн бонк гуфтааст, ки шароити берунӣ барои иқтисоди Русия мушкил боқӣ монда, фаъолияти иқтисодиро ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд мекунад. Дар ҳамин ҳол, коҳиши таваррум тезтар аст ва коҳиши фаъолияти иқтисодӣ назар ба пешбинӣ дар моҳи апрел камтар аст.
Суръати пасти афзоиши нархҳо дар моҳи май ва аввали июн ба қурби рубл ва анҷоми талаботи воҳимаангез миёни истеъмолгарон рабт дода мешавад.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Қарори ҳукумати Русия барои поин бурдани фоизи ипотека
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказӣ бори нахуст дар таърих мизони таваррумро рӯзи 28 феврали соли равон ба 20%-и солона боло бурд. Танзимгар ин тасмимро ба далели таҳримҳои густурдаи Амрико ва Аврупо алайҳи Русия роҳандозӣ кард.
Ин тадбирҳо барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва нархҳо, ҳифзи пули шаҳрвандон аз беқурбшавӣ, таҳкими қурби рубл ва афзоиши фоизи қарзҳо ва пасандозҳо амалӣ гардиданд. Баъдан Бонки марказии Русия меъёрро ба сатҳи қабл аз таҳримҳо баргардонд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Лентаи хабарҳо
0