Масъалаи шавҳару кӯдак: раиси "Амонатбонк" гуфт, чаро кормандон аз ҳисоби занон камтаранд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗдание Амонатбанка Дангаринском районе
Здание Амонатбанка Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раёсати бонки давлатии "Амонатбонк" тавзеҳ дод, ки чаро сарфи назар аз дастури президенти кишвар теъдоди занони корманд дар ин ниҳод аз мардон камтар аст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Зимни озмунҳои қабул ба кор дар "Амонатбонк" афзалият ба занон дода мешавад, изҳор дошт раиси ин бонк, Сироҷиддин Икромӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳудуди 60%-и кормандоне, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба кор қабул карда шудаанд, занон мебошанд. Вай теъдоди кормандони нав қабулшуда дар ин бонкро 210 нафар арзёбӣ кард, ки аксарият занонанд.
Бо вуҷуди ин дар нишондоди умумии шумораи кормандони "Амонатбонк" ҳанӯз мардон бештар мебошанд.
Дар маҷмуъ феълан дар "Амонатбонк" наздики 1300 зан фаъолият мекунанд, ки 44,2% - и теъдоди умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд, илова намуд Икромӣ.
Здание Амонатбанка Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
Ин омор дар ҳолест, ки тайи солҳои охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, борҳо дастур дода буд, ки ба низоми бонкӣ ва умуман дар бахши хизматрасонӣ бештар занон ба кор қабул карда шаванд.
Дар мавриди он, ки чаро дар бонки давлатии "Амонатбонк" ҳанӯз мардон аксарияти кормандонро ташкил медиҳанд, Икромӣ изҳор дошт, ки мушкили занон бештар аст.
"Бештар шавҳар мекунанд, ҷои зисташонро иваз мекунанд, шавҳар розигӣ намедиҳад, ба нигоҳубини кӯдак мераванд, мушкилии зан нисбати мардҳо албатта бештар аст. Барои ҳамин тез - тез ивазшавии кормандон аз ҳисоби бонувон дар бонк эҳсос мешавад", - афзуд ӯ.
Вай афзуд, агар масъалаи зуд - зуд иваз намудани ҷойи кори занҳо набошад, шумораи кормандони "Амонатбонк" метавонист то 60 - 70% расонда шавад.
Лентаи хабарҳо
0