Ҳамоиш дар Тошканд барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ

© Sputnik / Ольга БалашоваФлаги стран-участников ШОС. Архивное фото
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ аз навоҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тошканд форуми раҳбарони вилоёти кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар дод иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш рӯзҳои 3-4 август дар назар буда, интизор меравад, ки дар он сарони ниҳодҳои давлатӣ, минтақаҳо ва тоҷирони кишварҳои узви ин созмон ширкат кунанд. Дар ҳамоиш ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким мебахшад. Дар назар фарогирии созмон васеъ карда шавад.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.
Мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви СҲШ, нозирон ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд дар назар аст.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0