Ҷомеаи ҷаҳонӣ толибонро ба расмият намешиносад

© Представитель движения талибанРуководство Талибана во время совещания
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин аст, то толибонро ба расмият нашиносад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бо ин ки ҳудуди ёздаҳ моҳ аст, ки гурӯҳи толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба кантроли худ дар оварданд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ба таври расмӣ толибон ва ҳукуматашонро ба расмият нашинохта аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз толибон хоҳони ташкили як ҳукумати фарогир ва демократияи ниҳодинасозишуда дар Афғонистон аст, то ин гурӯҳро ба унвони ҳукумат ба расмият бишносад.
Сафири иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон бо таъкид бар идомаи кумакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мардум Афғонистон гуфт: ин кумакҳо набояд дар ихтиёри толибон қарор бигиранд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд
Вон Барнет, сафири иттиҳодияи аврупо дар Афғонистон ки дар нишасти порлумони Аврупо сухан мегуфт: аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост ба кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон идома диҳанд.
Барнет бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир иҷмоъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин аст то толибон ба расмият шинохта нашавад гуфт: ин ба маънии таваққуфи кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми ниёзманд Афғонистон нест.
Ин дар ҳолест, ки Афғонистон дар як моҳи ахири шоҳиди вуқуъи зилзила ва ҷори шудан селобҳои маргбор ва вайронгар буда, ки талафоту хисороти сангинеро бар ҷой гузоштааст.
Лентаи хабарҳо
0